Кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо мақсади панҷарабандии гирду атрофи он сурат мегирад. Ин фурудгоҳ ба Тоҷикистон аз замони шӯравӣ мерос монда, дар 15-километрии ғарби пойтахт ҷойгир шудааст ва ба иҷора дода намешавад.

«Васеъ кардани қаламрави фурудгоҳ ҳанӯз 10 сол пеш ба итмом расида, имрӯз дар он корҳои панҷрабандии атрофи он ҷараён доранд, ки ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти аҳолии маскуни атрофи он доир мегарданд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, якчанд оилаҳои манзилашон дар қаламрави фурудгоҳ қарордошта метавонанд ба ҷойи дигар кӯчонида шаванд, вале шумори мушаххаси ин оилаҳо, ҳаҷми маблағ ва тартиби пардохти ҷубронпулиро комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.

«Агар маълум шавад, ки ин оилаҳо ғайриқонунӣ қитъаи змини гирду атрофи фурудгоҳро азхуд намуда, дар он хона сохтаанд, табиист, ки ба онҳо касе ҷубронпулӣ пардохт нахоҳад кард», - иброз дошт намояндаи Вазорати мудофиа.

Зимнан зикр гардид, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ ба касе ба иҷора дода намешавад. Ин фурудгоҳ соли 2007 аз ҷониби мутахассисони Ҳиндустон таъмиру азнавсозӣ шуда, он замон Деҳлӣ барои ин корҳо 70 млн. доллар маблағ ҷудо карда буд. Имрӯз ин иншоот ба қабули ҳама гуна навъҳои ҳавопаймоҳо имкон дорад.

Таъкид шуд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Душанбе ва Маскав айни замон сарнинишони Русия аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки бар асоси созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба ин иншоот метавонад аз ҷониби кишварҳои узви СААД ё СҲШ истифода шавад. «Маълумоти айни замон васеъ шудани қаламрави фурудгоҳ асоси воқеӣ надорад», - афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, беш аз 300 хонаводае, ки наздик ба хатти парвози фурудгоҳи низомии Айнӣ зиндагӣ доранд, аз қаламрави ин майдони ҳавоӣ ба минтақаҳои дигар кӯчонда мешаванд.