Дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ, барномаҳои Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналхалқӣ оид ба сохтмон, омӯзиш ва кӯмаки моддӣ-техникие, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мустаҳкам намудани сарҳадӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон пешкаш гардид, 15 млн. доллари амрикоиро ташкил кард.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев, Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо 59 адад нақлиёти гуногун тамға, 286 маҷмӯъ лавозимоти зарури барои сарҳадбонон, 930 маҷмӯъ воситаи алоқа ва дигар ашъёҳои зарурии хизматӣ-ҳарбӣ таъмин гардиданд.

Аз тарафи ҷузъу томҳои ҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ  88 амалиётҳои махсус, ки аз он 46 амалиёт дар алоҳидагӣ, 27 амалиёт бо КДАМ ҶТ гузаронида шуд.

Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 27 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, 14 қочоқчӣ  безарар гардонида шуда,  6 нафар захмӣ ва 18 нафар дастгир шуданд.

Инчунин, аз тарафи ҷузъу томҳои ҚС КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ  аз қочоқчиён ба миқдори  904 кг 240 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 21 кг 138 гр героин, 128 кг 203 гр  афюн, 755 кг 599 гр бангдона (ҳашиш, чарс), 1 059 135 бех банги худрӯй ва доруҳои мадҳушкунанда 2 267 дона дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар натиҷаи ин амалиётҳо 27 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун ва 1 310 дона тирҳои қутраш гуногун, 3 адад норинҷакҳои дастӣ, маводҳои тарканда 296 кг,  24 адад дигар лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.