Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қавитарин бобмаи ғайриҳастаӣ, маъруф ба номи "модари бомба"-ҳоро дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, истифода кардааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки нерӯҳои ҳавоии он кишвар рӯзи панҷшанбеи 13 апрел барои нахустин бор бузургтарин бомбаи ғайриатомии худро дар Афғонистон алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода кард.

Гуфта мешавад, ин бомба бо "модари ҳамаи бомбаҳо" машҳур аст ва қудрату тавоноии тахрибкории вай баробар ба 11 тонна TNT аст ва гуфта мешавад алайҳи "ғорҳо ва туннелҳои гурӯҳи ДИИШ" дар вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ва дар наздикии марзи Покистон истифода шудааст.

Ин бомба дар соли 2003 озмоиш шуда ва қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва ба воситаи ҳавопаймои борбари МC-130 бо чатр ба замин партоб шуда, доираи таркишаш 140 метрро дар бар мегирад.

Зикр мегарддад, ки бомба 9 метр дарозӣ ва 10 тонна вазн дошта, барои он истифода мешавад, ки минтақаи васеъи душманро тахриб кунад ва таъсири равонӣ ва ваҳшатноке бар нерӯҳои тарафи муқобил бигузорад.

Шон Спайсер – сухангӯи Кохи Сафед – дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ин ғору туннелҳо аз тарафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба мушовирони низомии Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои Афғонистон истифода мешуданд. Вай афзуд, чораҳо барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар ин ҳамла андешида шуда буд. То ба ҳол аз талафоти ҷонии ин ҳамла гузорише пахш нашудааст.