Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбар ба ташкили амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург Аброр Азимовро тариқи санҷиши робитаҳои телефонии Акбарҷон Ҷалилов, ки дастгоҳро тарконид, пайдо намудаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи «Коммерсант», Азимов ягона узви гурӯҳи террористӣ будааст, ки пеш аз содир кардани амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов бо ӯ тавассути телефон тамос гирифтааст.

Гуфта мешавад, баъди содир шудани амали террористӣ, Азимов ба пинҳоншавӣ кӯшиш карда, дар манзили иҷора пайдо намешудааст ва аз телефонҳои худ низ дигар истифода намебурдааст, аммо рӯзи 17 апрел ӯ якчанд телефони мобилӣ ва сим-кортҳои нав харида, ҳангоми фаъол намудани яке аз симкортҳо, мақомоти интизомӣ аз макони ҳузури Азимов огоҳ ва ӯро боздошт кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Аброр Азимов низ чун Ҷалилов дар вилояти Оши Қирғизистон таваллуд ва ба воя расида, соли 2013 шаҳрвандии ин кишварро рад ва чун Ҷалилов ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудааст.