Ному насаби собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ пайваста, аз соли 2015 таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт, аз рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) хориҷ шудаааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки ба Интерпол чунин даохост нафиристодаанд ва аз ин амал дар тааҷчуб буда, онро ба ҳеҷ гунае шарҳ дода наметавонанд.
«Мо вобаста ба ин масъала ба қароргоҳи Интерпол нома фиристодем, то ки бо кадом сабаб аз ин рӯйхат хориҷ кардани Гулмурод Ҳалимовро бифаҳмем», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Дар Вазорат мегӯянд, то замони боздошт ё тасдиқи расмии марг, ному насаб ва акси Гулмурод Ҳалипов бояд дар сомонаи ВКД Тоҷикистон ва Интерпол дарҷ ёфта бошад.
Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод, вале маълумоти тасдиқи марги ӯро ВКД Тоҷикистон то ҳол нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Прокуратураи генералии ҶТ нисбати Гулмурод Ҳалимов мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.