Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти интишоршуда дар бораи интиқоли нерӯҳо ва техника аз ҷануб ба шимоли кишварро рад кард.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи нақшаи Вазорат, нимаи дуюми моҳи август дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ баргузор намудани машқҳои бузургмиқёс дар гарнизони ҳарбии Суғд дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва баланд бардоштани сатҳи касбии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дар назар аст.

«Вале ин машқҳо танҳо барои гарнизони вилояти Суғд пешбинӣ шуда, барои ба минтақаи шимол интиқол додани нерӯ ва техникаи иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», - иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати мудофиа, дар ҷараёни машқҳои зикршуда масъалаҳои ҳамкории муштараки ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва сохторҳои қудратӣ оид ба нобуд сохтани як гурӯҳи террористони ба вилоят воридшуда мавриди омӯзишу таҷриба қарор мегиранд.