Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт.
Бино ба маълумоти ТАСС, Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳашон иқрор шуда, Хоҷиев айбдориашро эътироф накардааст, менависад Лента.ру.
Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба маводи дар суд садодода иттилоъ медиҳад, ки ҳар се боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар бораи ҳабси нафари чоруми гумонбаршуда алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин метавон ба чунин хулоса расид, ки ӯ шаҳрванди Русия аст, зеро Хадамоти федералии амният қаблан дар бораи боздошти гурӯҳи иборат аз 1 нафар русиягӣ ва 3 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Ному насаби русиягии боздоштшуда зикр намешавад.
Тибқи маълумоти хадамоти махсус, ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо истифода аз бомбаҳои пуриқтидор содир намудани як силсила амалҳои террористӣ дар Маскавро тарҳрезӣ намудааст. Ба ҳайати гурӯҳ ду террористи маргталаб, мутахассиси тайёр кардани дастгоҳҳои тарканда ва фиристода (эмиссар)-и «Давлати исломӣ» (фаъолияташ дар Русия манъ аст), ки фаъолияти онҳоро назорат мекардааст, шомил будаанд.
Хадамоти федералии амнияти Русия навори фавран сабтшудаи боздошти 4 нафар гумонбаршудагон ба терроризмро мунташир кардааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии РЕН ТВ.
Дар навор корманди фаврӣ зимни баҳодиҳӣ ба маводи тарканда аз боздоштшудагон изҳор мекунад, ки дар он маводи таркандаи пурхатар ошкор карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста