Дар гузориши гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) қайд мешавад, ки дар Ироқу Сурия 1300 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ҳузур дошта, боз қариб 3 ҳазор нафар аз Туркия боздошт ё ба ватан фиристода шудаанд ва дар ҳамин ҳол, 147 нафар тоҷикистониён ихтиёрӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд.
Қайд мешавад, ки дар маҷмӯъ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 4,2 ҳазор нафар барои ҷангидан ба Ироқу Сурия рафта, ин шумор аз Ӯзбекистон - 1500 нафар, аз Қазоқистону Қирғизистон - 500 нафарӣ ва аз Туркманистон - 400 нафарро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, баъди аз даст додани қисмате аз қаламрави Сурия ва Ироқ ҳадди ақал 5600 нафар ҷангиён аз 33 кишвари ҷаҳон ба ватан баргаштаанд, ки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо «таҳдиду хатари ҷиддӣ» эҷод мекунад.
Дар гузориш маълумот оид ба шумори ҷангиён аз 53 кишвари ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифта, тибқи ҳисобу китоби муаллифон, дар сафҳои Давлати исломӣ ҳудуди 40 ҳазор нафар аз беш аз 110 кишвар меҷанганд, ки шумори бештарашон аз Русия - 3417 нафар мебошанд.
Зинаи дуюм аз рӯи шумор дар сафҳои ДИ-ро шаҳрвандони Арабистони Саудӣ - 3224 нафар ишғол карда, ба панҷгона Урдун - 3 ҳазор нафар, Тунис - 2926 нафар ва Фаронса - 1910 нафар низ шомиланд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста