Зимни вохӯрии муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Даврон Назармухамедов дар шаҳри Душанбе мавзӯъҳои марбут ба густариши равобити дуҷониба миёни Вазоратҳо баррасӣ шуданд.
«Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду давлат ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем», - изҳор намуд А. Аламшозода.
Муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон иброз намуд, ин мулоқоти дуюми ҳайатҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, вохӯрии аввала дар ин кишвари ҳамсоя доир гардида буд.
Дар идомаи ҷаласаи мазкур сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Сафиало Азизулозода ва муовини якуми сардори Сарраёсати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми ВКД Ӯзбекистон подполковник Дониёр Қодиров вобаста ба мавзӯи таҳкими ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Сафар Ҳабибуллоев ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи андешидани чораҳо ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Раҳматулло Нуъмонзода ва сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ӯзбекистон подполковник Илҳом Қутлимуродов дар мавзӯи таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни ВКД ҳарду кишвари ҳамсоя дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби муовинони якуми Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва генерал-майор Назармухамедов Даврон Абитович аз натиҷаи ҷаласаи дуюми гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Протокол ба имзо расонида шуд.
Дар идомаи боздиди ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, меҳмонон аз як қатор мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвари мо, аз ҷумла аз Қалъаи Ҳисор, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, маҷмааи фарҳангию таърихии Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ боздид намуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста