Собиқ мушовири раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидиброҳими Назар, ки аз моҳи августи соли 2015 дар Эрон зиндагӣ ихтиёр карда буд, охири ҳафтаи сипаришуда ба Душанбе баргашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал Абдуҳалим Назарзода нимаи моҳи сентябри соли 2016 Саидиброҳими Назар дар Эрон ба сар бурда, бо ҲНИТ робита надошт.
Зикр мегардад, ки собиқ мушовири ҲНИТ «баъди интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 дар Тоҷикистон аз робитаву ҳамкорӣ бо ҳизб канор рафт».
Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбати Саидиброҳими Назар ҳеҷ даъвое надоранд ва касе ӯро боздошту болояш фишор оварданӣ нест.
Дар ҳамин ҳол, моҳи майи соли 2015 суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мушвори раиси ҲНИт Саидиброҳими Назарро барои серзанагӣ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Дар гузориши шабакаи телевизиони давлатӣ қайд шуда буд, ки ӯ чор зан дошта, бо ҳамаи онҳо зиндагӣ дорад. Тафтиш нисбати ӯ баъди шикояти ҳамсари чормуаш шурӯъ шуд, ки санаи 9 апрел ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда буд. Худи ӯ он замон иқрор шуда буд, ки ду зан дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сабаби ин тасмим ва шарту шурути бозгашти Саидиброҳими Назар эълон нашудааст ва мақомоти расмии Тоҷикистон низ ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста