Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири мудофиаи Беларус, генерал-лейтенант Андрей Равков дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир дар оғози суҳбат вазири мудофиа ва тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳии и Беларусро бо 100-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар табрик намуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Беларусро муҳокима намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба табодули сафарҳои дуҷониба, омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак, такмили заминаи ҳуқуқӣ, ҳамкориҳо судманд миёни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои ҳамгирои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ қисми ҷудонашавандаи шарикии стратегии кишварҳо мебошад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ҳамкориҳо байни ниҳодҳои мудофиаи Тоҷикистону Беларус аз охири асри гузашта ҳам дар шакли дуҷонибаву ҳам дар доираи ИДМ ва СААД ба роҳ монда шудааст.
Бино ба гуфтаи манбаъ, воҳидҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 2001 дар машқҳои зиддиҳавоӣ дар сарҳадҳои ғарбии Бералус иштирок карда буданд.
Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус дар ҳамаи машқҳои зиддитерористии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон фаъолона иштирок доштанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Беларус чандин маротиба ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз лиҳози моливу техникӣ кумак кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста