Раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳамчунин журналисти тоҷик Додоҷони Атовулло дар рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм эътирофшуда дарҷ ёфтаанд.
Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон шумори рӯйхати шахсонеро, ки шахсонеро, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла робита доштан бо террористон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, зиёд кард.
Айни замон 1 ҳазору 372 нафар дар ин феҳрист қарор доранд. Як сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 200 нафар ҳузур доштанд.
Дар қатори Муҳиддин Кабирӣ дар рӯйхат бародари 63-солаи ӯ Якоша Кабиров, хоҳари 46-солааш Бибисоро Кабирова ва ҳамчунин писари 23-солаи вай Салимҷон Кабиров низ зикр шудаанд.
Бонки миллӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ даъват кардааст, ки ҳамкории молиро бо онҳо қатъ намоянд.
Дар ин рӯйхат 15 ташкилоту созмонҳо, аз ҷумла «Ихвон-ул-Муслимин», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари Тайба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», «Ҷамоати-Таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра зикр шудааст.
Ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) - Financial Action Task Force - ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста