Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба руйхати миллии шахсони воқеие, ки бо терроризм ва экстремизм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид намуд.
Феҳристи миллии ягонаи қаблан мавҷудаи шахсони воқеии алоқаманд бо терроризму ифротгароӣ акнун ба ду рӯйхат тақсим шудааст:
1. «Рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо терроризм эътироф шудаанд»;
2. «Рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо ифротгароӣ эътироф шудаанд».
Зарурати ворид намудани ин тағйирот шарҳ дода намешавад.
Дар рӯйхати шахсони воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин шахсони алоқаманд бо терроризм эътироф шудаанд, 1234 нафар шомил буда, аз ҷумла раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар он ҳузур дорад.
Феҳристи шахсони алоқаманд бо ифротгароӣ (экстремизм) аз 122 нафар иборат буда, ин ҷо журналисти маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло зикр ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки рӯйхати шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла алоқамандӣ бо террористон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, соли охир ба беш аз ҳазор нафар афзуд: як сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ беш аз 200 нафар ҳузур доштанд.
Дар рӯйхати миллӣ ҳамчунин шахсони ҳуқуқие низ зикр шудаанд, ки бо терроризм ва эстремизм алоқамандӣ доранд.
Дар ин рӯйхат 15 ташкилоту созмонҳо, аз ҷумла «Ихвон-ул-Муслимин», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари Тайба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида», «Ҷамоати-Таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24» ва ғайра зикр шудаанд.
Ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) - Financial Action Task Force - ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста