Дар доираи ташаббуси Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар самти таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии ҳукумати Япония барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи сарҳадии зертобеъӣ Отряди сарҳадии «Шаҳритуз» бинои нави замонавӣ ба истифода дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи дидбонгоҳ фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сафири Япония дар Тоҷикистон Хачиме Китаока ва намояндаи Раёсати зикршудаи СММ хонум Ашита Миттал ҳузур доштанд. Дидбонгоҳи нави замонавии «Тагноб» ба талаботи замон ҷавобгуй буда дорои ҳамаи шароитҳо ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошад.
Дидбонгоҳи сарҳадии «Тагноб» пурра аз нав дар ҷои холӣ бунёд гардида бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ва аз утоқҳои корӣ, хобгоҳи сарбозон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ ва иттилоотӣ, майдони сафороӣ, варзишӣ, Ошхона, ҷои дастшӯӣ, ҳаммом, ҷои либосшӯи барои сарбозон, анборҳои хӯрок, сарулибос ва ҳезуму ангишт иборатаст.
Ҳамчунин алоҳида 3 хонаи афсарон иборат аз 2 ва 3 ҳуҷра сохта шудааст, ки бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, онҳо метавонанд бо оилаашон ва фарзандонашон дар он зиндагӣ кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста