Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад. Дар машқгоҳи ҳарбии “Чорухдайрон”-и вилояти Суғд нахустин дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ дар арафаи анҷомёбианд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, Абдусалом Азизов ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо марҳилаи хотимавии тамринҳои зиддитеррористии артишҳои ҳарду кишварро мушоҳидаву назорат карда, иштирокчиёни фаъоли машқҳо аз ҳарду ҷонибро бо ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз мегардонанд.
Зимни сафар ба Хуҷанд вазири мудофиаи Ӯзбекистон бо вазири мудофиаи Тоҷикистон алоҳида гуфтушунид намуда, дар мулоқот баррасии масоили дурнамои рушди ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самтҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи баргузории тамринҳо ансамбли тарона ва рақс, оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ консерт намоиш доданд. Ҳунармандони ҳарбии Ӯзбекистон хеле зиёд шеъру таронаҳоро бо забони тоҷикӣ ба иҷро расониданд, қайд мекунад дафтари матбуоти Вазорати мудофиа.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста