Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи ду иншооти муҳими стратегӣ - Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ширкат варзид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва роҳбарияти шаҳри Исфара бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.
Зикр карда шуд, ки бунёди иншооти мазкур нишони таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбати ҳомиёни Ватан, аз ҷумла хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.
Гуфта мешавад, дидбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло" дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2 ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст.
Дидбонгоҳро тибқи фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд намудаанд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба ифтихори ифтитоҳёбии иншоот аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Исфара, ки барои вусъати корҳои бунёдии иншооти низ мусоидати муассир дорад, барои сарбозону афсарон дастурхони идона густурда шуда, барномаи фарҳангӣ манзури онҳо карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ҳамчунон гузаргоҳи сарҳадии «Сурх»-ро ифтитоҳ бахшид. Фармоишгари ин иншоот низ Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд буда, арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста