Шоми 13 январ дар шаҳри Хоруғ байни сокинони маҳаллӣ ва кормандони милитсия муноқишаи лафзӣ рух дода, сипас ба ҷангу ҷанҷол табдил ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.
“Байни онҳо муноқишаи лафзӣ оғоз гардида, сипас ба таҳқиру ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба корманди милитсия табдил ёфт, ки дар посгоҳ қарор дошт. Вақте ба корманди милитсия дармеафтанд, ӯ ба истифодаи силоҳи ҷароҳатдеҳ (пневматикӣ) ҳуқуқ дорад. Дар ин ҳолат воқеа ҳамин тавр сурат гирифт”, - қайд кард ӯ.
Котиби матбуотии Вазорат аз ифшои ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ варзида, зикр кард, ки айни замон Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел тафтиш мегузаронад ва маълумоти муфассалро онҳо дошта метавонанд.
Тибқи маълумоти охир дар ин маврид, марде, ки ҷароҳат бардоштаву сабабгори асосии муноқиша ҳисобида мешавад, дар бемористон бистарӣ аст. Ҳеҷ касе ба ҳабс гирифта нашудааст.
То кунун ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ин бора маълумот дастрас намояд.
Дар ҳамин ҳол, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Саидмансур Шоиқов дар гурӯҳи пӯшидаи Pamir News дар Facebook менависад, ки муноқишаву ҷанҷол бо он сабаб рух додааст, ки автомашинаи ҳарбиён ба автомашинаи сокинони маҳаллӣ роҳ надодааст, ҳарчанд тибқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бояд ба ин автомашина роҳ медод.
“Лекин ҳарбиён ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, ба таҳқири ронанда шурӯъ намуданд”, - қайд мекунад Шоиқов.

Ба навиштаи муаллиф, ҳарбиён (кормандони ОМОН) дар автомашинаҳо ба таъқиби автомашинаи сокинони маҳаллӣ пардохта, онҳоро дар гузаргоҳи маркази шаҳр дарёб мекунанд ва дар он ҷо нахуст муноқишаи шифоҳӣ ва сипас тирпарронӣ сурат мегирад.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста