Курдҳои Сурия беш аз ҳазор нафар ҷангиёни Давлати исломиро дар асорат нигоҳ дошта, омодаанд, ки онҳоро ба ихтиёри кишварҳояшон супоранд, лекин аксарияти давлатҳо ба гирифтани онҳо шитоб надоранд, хабар додааст ба РИА Новости намояндаи Курдистони Сурия дар Маскав Ршад Биенаф.
“Беш аз ҳазор ҷангиёни Давлати исломӣ қариб аз 40 кишвари дунё дар асорати мо ҳастанд. Ғайр аз ин, ин ҷо занон ҳам ҳастанд, ки ҳамроҳи онҳо бо оилаашон омадаанд. Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Мо ба бисёре аз кишварҳо муроҷиат кардем, ки шаҳрвандонашонро гирифта, ҷазо диҳанд, лекин танҳо баъзе кишварҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Онҳо шаҳрвандони худро гирифтанд. Боқимонда ҳеҷ посухе надоданд”, - изҳор доштааст Биенаф дар мусоҳиба ба РИА Новости.
Гуфта мешавад, ҷангиёни “худ”-ро чанде аз кишварҳои африқоӣ гирифта, тасмим гирифтанд, ки инро ба маърази умум нагузоранд. Ҳамчунин Русия низ кӯдакон ва занони ҷангиёнро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, муроҷиати курдҳои Сурия бобати аз ҷониби Тоҷикистон гирифтани шаҳрвандони худ – ҷангиёни Давлати исломӣ ба Душанбеи расмӣ нарасидааст.
Моҳи ноябри соли гузашта собиқ муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ хабар дода буд, ки 1899 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ меҷанганд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста