Тибқи маълумоти Агентии гидрометеорологӣ, то охири ҳафта дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳиву доманакӯҳҳо боришоти шадид дар назар аст.
“Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад. Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва сангреза вуҷуд дорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Бино ба гуфтаи номбурда, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо мавҷуд буда, метавонад ба шусташавии заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулҳо боис гардад.
“Мутаассифона, бар асари боришоти дирӯз дар яке аз ноҳияҳои кишвар, ки ба шусташавии хати соҳили канал (наҳр) дар наздикии деҳа боис гардид, дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати хунукназаронаи волидон як духтари дусола ғарқ шуд”, - қайд кард Юсуфӣ.
Дар ин робита, таъкид дошт ӯ, Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткору ҳушёр буда, кӯдаконро беназорат нагузоранд ва ҳангоми ҳузур доштан дар кӯҳҳову наздикии обанборҳо риояи қоидаҳои бехатариро фаромӯш насозанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста