Дар доираи сафари расмии ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин ба Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти пулиси ин шаҳр бо милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ҷаноби Сун Тсзяню ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар толори хурди Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати меҳмонон ҳамчунин ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад автобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ мебошад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд. Қайд шуд, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста