Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, марказ пас аз навсозӣ ва маҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва шарту шароити корӣ таъмин гардидааст.
Гуфта мешавад, Маркази идоракунии Сарҳади давлатӣ аз нуқтаи идоракунии фаврӣ, нуқтаи фармондиҳӣ, маркази алоқа, хобгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои фаъолияти корӣ ва назорати хати марзи давлатӣ дар ин ҷо шароити муосиру техникаи насли нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба таъсиси Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон 28 майи ҳамин сол 25 сол пур шуд.
Системаи идоракунии сарҳад аз воситаҳои мушоҳидавии рӯзона ва шабона, воситаҳои назорати ташкили муҳофизати сарҳад, системаи сабту банаворгирӣ иборат буда, имконият медиҳад, ки хати марзи давлатӣ ва сифатнок ба роҳ мондани хизмат дар сарҳад аз марказ ба тариқи мустақим идораву назорат карда шавад.
Ҳамчунин Маркази идоракунии сарҳадӣ дорои нуқтаи махсуси алоқа буда, барои қабул ва фиристодани тамоми намуди ахбороти радиоӣ ва телефонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар марказ радиостансияҳо ба самтҳо тақсимбандӣ гардида, ҳар як самт дар шабакаҳои алоҳида фаъолият менамоянд.
Сарвари давлат ҳамчунин бо корбарии Нуқтаи фармондиҳии маркази мазкур шинос шуда, мустақиман ҳисоботи роҳбарону намояндагони Қӯшунҳои сарҳадиро аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гӯш карданд. Нуқтаи фармондиҳӣ бо техникаи муосири корӣ, воситаи махсуси алоқа ва хати баландшиддати интернет таъмин буда, бо истифода аз ин имконот метавон бо сарфаи вақт ҳолатҳои баамаломадаро аз марказ мустақиман назорат ва ҳаллу фасл намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин тамоми маълумоти ҷамъовардашуда хаттӣ ё дар шакли электронӣ ба Нуқтаи фармондиҳӣ барои коркарду қабули қарор ворид карда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста