Дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон рӯзи 17 июл иҷлоси навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаи ҳамкорӣ миёни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо таъкид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ду ниҳод дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли СААД Валерий Семериков, сардори Шуъбаи СААД-и департаменти якуми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег Кравченко ва ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Назарзода даъват шуда буданд.
Зимни суханронии худ В.Семериков ба вазъият дар Афғонистон, ки дар таъмини суботи пойдор ва амният ҳам дар минтақаи СААД ва ҳам дар минтақаи САҲА нақши муҳим дорад, аҳаммияти махсус зоҳир намуд.
У қайд кард, ки дар доираи Созмон “Феҳристи иқдомҳои иловагӣ ҷиҳати коҳиш додани таниш дар сарҳад миёни Тоҷикистон ва Афғонистон” муфассал коркард ва омода гардидааст, ки меҳвари онро маҷмӯи иқдомҳои аз ҷониби кишварҳои узв пешниҳодгардида роҷеъ ба бунёди вазъи устувор ва босубот дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ташкил медиҳад.
Намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни гузориши худ бо такя ба пажӯҳишҳои илмие, ки дар ин самт сурат гирифтаанд, чанд пешниҳоди мушаххасро роҷеъ ба тақвият ва дарёфти нуктаҳои умумии ҳамкорӣ дар рӯзномаи кори САҲА ва СААД ироа кард.
Зимни баргузории ҷаласа суханварони калидӣ ва ҳайатҳои кишварҳо бо дарназардошти шабоҳати масъалаҳои аз ҷониби САҲА ва СААД баррасишаванда ба зарурати мушаххас намудани самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста