Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси Иттиҳод оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан, ҳамзамон роҳбари намояндагии ИА дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Рустам Назарзода зарурати бунёди машқгоҳи Кумитаро барои омодасозии воҳидҳои наҷотбахш қайд кард. Зимнан масоили ҳамкории минбаъдаи дуҷониба дар ин самт баррасӣ шуд.
“Машқгоҳ натанҳо ба омода кардани наҷотбахшони Кумита, балки ба рушди мақомоти наҷотдиҳандаи Афғонистон кумаки беандоза мекунад. Масофаи тӯлонии сарҳад бо ҳамсояи ҷанубӣ, инчунин мавқеи ҷуғрофӣ ва шабоҳати офатҳои табиӣ дар манотиқи наздимарзӣ тақозо мекунад, ки наҷотбахшони кишварҳои мо огоҳии бештар ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд”, - қайд кардааст роҳбари Кумита.
Гуфта мешавад, Петер Буриан ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бахусус, дар масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори омодагӣ кард.
“Мутаассифона, тағйири иқлим ба афзоиши ҳодисаҳои офатҳои табиӣ таъсир расонида, аз оқибатҳои он дар навбати аввал аҳолӣ осеб мебинад. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот ё сабуктар кардани пайомадҳои он мо ҳамаҷониба омодаем”, - таъкид дошт ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста