Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки хатари амнияти сарҳади давлатӣ аз ҷониби Афғонистон тақвият меёбад.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октябр "Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои иштирокчии ИДМ"-ро тасдиқ кард.
Зимни шарҳи санад ба вакилон муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён қайд кард, ки таҳдидҳо ба ҳифзи сарҳад рӯз то рӯз пурзӯр мешавад.
Бба гуфтаи ӯ, таҳлил ва баҳогузории вазъ нишон медиҳад, ки эҳтимоли рахнаи марз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористиву ифротгаро ва қочоқчиёни силоҳбадаст, инчунин задухӯрди мунтазами мусаллаҳонаи сарҳадбонон бо ин гурӯҳҳо ҷой дорад.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хати тӯлонии сарҳад бо Тоҷикистон ҳифз карда намешавад.
Аз рӯйи маълумоти дарёфтӣ, гуфт Шоҳиён, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба якдигар ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд.
Зикр шуд, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байнулмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз қувваю воситаҳои муосир самаранок истифода мекунанд. Ӯ зарурати роҳандозии талошҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ-ро барои пешгирии саривақти фаъолияти тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳо ва таъмини амнияти минтақа таъкид кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста