Дар шаҳри Тошканд ӯ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои ИДМ масъалаи таъсири вазъи ҳарбиву сиёсии шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов имрӯз дар шаҳри Тошканд дар кори ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад.
ВАО бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федералии амнияти Русия хабар медиҳанд, ки ҷаласа ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бахшида шудаааст.
Дар он андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати муқовимат ба кӯшишҳои ҷалби ҷангиён ва пешгирии вуруди тахрибкорон ба кишварҳои ИДМ, ҳамчунин таҳияи тарзҳои мубориза бо ҳолатҳои барангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ дар назар аст.
Як манбаъи “Азия-Плюс” дар доираҳои ҳукуматӣ хабар дод, ки эҳтимол вохӯрии ҷудогонаи раиси КДАМ Тоҷикистон бо раҳбарияти Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон низ баргузор мешавад. Зимнан баррасии масоили ҳамкории хадамоти махсуси ду ҳамсоякишвар дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳо аз Афғонистон дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста