Рӯзи якшанбе, 10-уми ноябр дар дидбонгоҳи назоратии “Дӯстӣ”-и марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, воқеъ дар наздикии шаҳри Турсунзода вохӯрии фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду ҳамсоякишвар доир шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд.
Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро ҷиҳати посбонии марзҳои муштараки давлатӣ баррасӣ карданд.
Ба масоили мубориза бо гардиши ғайриқонунии аслиҳа, терроризм ва ифротгароӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, огоҳкунӣ, ошкорсозӣ ва пешгирии далелҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста