Имрӯз, 14-уми ноябр таҳти роҳбарии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он масъалаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод» баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба ин масъала прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии кишвар ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин чораҳои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷараёни татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” баррасӣ гардид. Зимнан ҳисоботи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Мансурҷон Умаров оид ба рафти иҷрои ин қонун шунида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои Қонуни мазкур дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбат ба зиёда аз 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз 6 ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, озод карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро чиҳати сари вақт таъмин кардани иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он дастурҳо дод.
Зикр мешавад, ки дар ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Аз дигар ҷузъиёти ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ маълумот дода нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста