Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.
Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода шуд, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошини худро ҷиддан аз назар гузаронанд. Инчунин кумита чанд тасияи дигарро ба ронандагон пешниҳод мекунад, аз ҷумла:
- Ронандагон чархҳои тобистонаи автомашинаи худро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;
- Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;
- ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;
- ҳаракат бо мошин дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаворо маҳдуд созед;
Бо риояи ин чанд тавсия шумо метавонед ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ ҳифз кунед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста