Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ки дар шаҳри Тошканд қарор дорад, имрӯз, 7-уми январ Протокол дар бораи таъйин ва аломатгузории ниҳоии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба имзо мерасонад.
Аз ҷониби Ӯзбекистон ин санадро муовини сарвазири ин кишвар Элёр Ғаниев имзо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Дар Протокол розигии комили ҷонибҳо оид ба хатти саҳеҳи гузариши сарҳади давлатии ду кишвар тасдиқ мешавад.
Корҳои таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳади давлатӣ байни ду кишвар соли гузашта ба поён расида буд.
Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши сарҳад созиш ҳосил карданд. Акнун дар натиҷаи аломатгузории сарҳади давлатӣ дар харитаҳо хатти дақиқи марзҳои муштараки ду кишвар ишора карда мешавад.
Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.
Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки 10-уми январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла, нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расиданд.
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон маҳсуб мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматрасонии техникии иншоотро анҷом медиҳад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти мушатараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста