Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 90% иҷро шуд.
Дар ду рӯзи аввали оғози маъракаи даъват комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаро 100% иҷро карданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Ориф Нозимиён хабар дод, ба сурати умум, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 80% ва дар вилояти Суғд 70%-ро ташкил медиҳад.
Нозимиён қайд кард, ки баъд аз ду моҳ наваскарон савганд ёд карда, айни замон дар қисмҳои низомии барои хизмат таъиншудаашон давраи таълимии зарурӣ мегузаранд.
Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз шуда, 31-уми май ба анҷом мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста