Дар Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ таъсис дода мешавад. Амри дахлдор дар ин бора рӯзи 25 августи соли равон аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
“Комиссия мақомоти ҳайати мушовара буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи ҳифзи сирҳои давлатӣ ва ҳимояи техникии маълумот бо мақсади таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъмингари татбиқи қонунгузорӣ дар ин соҳаҳо танзим мекунад”, - қайд мешавад дар санад.
Гуфта мешавад, Комиссия ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ оид ба масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ ва ҳимояи техникии маълумот уҳдадор аст. Инчунин ироаи пешниҳодот дар мавриди такмили низоми ҳифзи сирҳои давлатӣ низ ба вакодати Комиссия дохил аст.
Ғайр аз ин, Комиссия таҳияи барномаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлати давлатӣ ва байниидоравиро оид ба амнияти иттилоотӣ ҳамоҳанг сохта, мушкилоти додани дастрасӣ ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро ба сирҳои давлатӣ, тартиби бекор кардани онҳо, муайян кардани уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба нигаҳдории сирҳои давлатиро баррасӣ мекунад.
Ташаббускорони таъсиси ин Комиссия бар ин назаранд, ки таъсиси мақомоти нав ба таҳкими робитаҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи техникии маълумот бо кишварҳои аз лиҳози технологӣ рушдёфтаи ҷаҳон мусоидат мекунад.
Ҳайати Комиссия аз раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзои Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ иборат хоҳад буд. Фаъолияти тадорукотии Комиссия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста