Дар шаҳри Москва рӯзи 7 октябр ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар чорабиниҳои “Рӯзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)” ба муносибати 18-умин солгарди имзои Оинномаи СААД ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи он чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки аксҳо таҳти унвони “Дар посдории сулҳ. Кишварҳои узви СААД дар фаолияти байналмилалии сулҳофаринӣ” сурат гирифт ва ҷаласаи мизи мудаввар дар мавзӯи “СААД: самтҳои рушди стратегӣ” бо иштироки муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.
Музаффар Ҳусейнзода дар мизи мудаввар суханронӣ намуда, нигоҳи Тоҷикистонро нисбат ба фаолияти минбаъдаи СААД баён намуд. Зарурати тамаркузи таваҷҷуҳ ба чолишу таҳдидҳои муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон, ки ҳамчун мавзӯъҳои доғи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ боқӣ мемонанд, таъкид гардид.
Гуфта мешавад, инчунин ба гузариши раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли равон махсусан ишора шуд.
“Кишвари мо самтҳои авлавиятноки раёсати худро дар СААД тарҳрезӣ намуда истодааст. Авлавиятҳо дар рафти иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро баҳри мусоидат ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмон ва таъмини самарабахшии фаолияти он сафарбар хоҳад кард,” - қайд намуд муовини вазир.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста