Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбиро иҷро кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ноҳияҳои пойтахт соли ҳафтум инҷониб пеш аз муҳлат нақшаи даъватро иҷро мекунанд.
Полковник қайд кард, ки то субҳи имрӯз нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ 70%: ВМКБ - 100%, вилояти Хатлон - 65%, Суғд - 53,3% ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 85,3% ба иҷро расидааст.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ - апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд дар бораи хидмати ҳарбӣ қонуни нав қабул шуда бошад ҳам, ҳолатҳои сарбозшикор ё ба истилоҳ “облава” дар ҷараёни даъват хотима наёфтанд. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз ҷониби шахсони номаълум маҷбурӣ ба хидмат ҷалб кардани ҷавонон маълумот нашр мешавад.
Ин ҳодисаҳо натанҳо дар хонаи даъватшаванда, балки макони издиҳоми мардум - бозору мағоза, вокзалу истгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ рух медиҳанд ва дида мешавад, ки чӣ гуна ҷавононро дастгир ва маҷбурӣ ба автомашинаҳо шинонида, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд.
Мақомоти давлатӣ ин далелҳоро рад намуда, комилан ваҷҳи дигар меоранд. Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ки шахсоне, ки даъватшавандагонро дастгир мекунанд, намояндагони онҳо нестанд.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳисобот медиҳанд, ки имсол шумори ихтиёриён ё худ хоҳишмандони хидмат зиёд буд.
Ва ҳеҷ касе ба истифодаи тарзу усули ғайриқонунии даъват ба хизмати ҳарбӣ дар артиш таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста