Низомиёни қирғиз пули деҳаи Чорқишлоқ дар масири Исфара-Чоркӯҳ-Хоҷаи Аъло-Ворухро тахриб кардаанд. Хабарнигори "Asia-Plus" аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, ки пул комилан тахриб нашудааст, вале роҳи нақлиёт баста аст.
Ҳоло роҳ ба самти Чоркуҳ танҳо танҳо тариқи роҳи "Зумрад" имконпазир аст, иброз дошт ӯ. Хабарнигори мо мегӯяд, ки дар деҳаҳои Чорбоғ ва Сурх аз ду самт тирпарониҳо шунида мешавад. Мардуми деҳаҳои Сурх, Чорбоғ, Хоҷаи Аъло, Чоркуҳ ва Ворух аз вазъияти рухдода хеле нигаронанд.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Қирғизистон аз доманакӯҳҳо ба миёнаҷойи деҳаҳои аҳолинишин тир холӣ карда мешавад.
“Дар Ворух ҳам тирпаррониҳо оғоз шудааст. Яку якбора дар чандин мавзеъҳои марзӣ тирпарониҳо сурат гирифта истодааст. Тарафҳо бо автомат, нориҷакандоз ва миномиёт тир мепаронанд",- хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз маъмурияти ҷамоати Ворух
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста