“Рафти иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардем. Тавофуқ ҳосил намудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо бо риояи муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунем”, - гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас аз дидору гуфтушунид бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вуҷуд доштани хатар ба амнияти умумӣ, ин масъала хеле муҳим аст.
“Пеш аз ҳама, дар ҳошияи вазъ дар Афғонистон дар робита ба оғози аз ин кишвар берун бурдани неруҳои ИМА ва НАТО, ки эълон шудааст. Мо аз фаъолмандии ҷангиёни созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон нигаронем. Ба ин омодаем ва онро дар амал иҷро мекунем, дар кори мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба Душанбе ҳамаҷониба кумак мекунем”, - иброз дошт Лавров.
Ӯ зикр кард, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, инчунин хабар дод, ки Русия ба сохтмони дидбоноҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
“Дар омили назарраси суботи минтақа будани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мо ҳамфикрем. Бо иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Русия мунтазам оид ба амалҳои зиддитеррористӣ машқу тамринҳо гузаронида мешаванд. Ояндаи наздик созишномаи байниҳукуматӣ имзо карданием, ки мутобиқи он мо ба сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молиявӣ кумак мекунем”, - изҳор дошт Лавров.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста