Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани шаҳрвандон дар як занозании гуруҳӣ дар Маскавро рад кард. Ин дар ҳолест, ки дирӯз хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, ки ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст.
"Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот кард. Номбурда иттилоъ дод, ки шаби 18-уми май низоъ ба вуқуъ пайвастааст, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштанд ва ягон нафари онҳо боздошт нашудаанд",-гуфтааст намояндаи сафорати Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ.
Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон, гуфтааст, ки даргирӣ фақат байни шаҳрвандони Қирғизистон сурат гирифта ва "маълумоти расонаҳои Русия дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он дурӯғ мебошад".
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ки субҳи дирӯз расонаӣ кард, дар ин занозанӣ, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Маскав, дар хиёбони Вернадский рух додааст 15 нафар ширкат кардаанд, ки 9 нафарро пулис боздошт ва ҷазо додааст.
Бар пайи ин даргирӣ, ки пулиси Маскав далели онро "хусумати шахсӣ" унвон кардааст, ду нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ва 7 нафари дигарро барои майдаавбошӣ ҷарима кардаанд.
Бархе расонаҳои русӣ дар пасманзари инъикоси ин ҳодиса ба даргириҳои марзии ахири Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ишора карда буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста