Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ 30 сентябр дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президент нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори солгарди сиюми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2021-умро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номус, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ваҳдати комил, сулҳу суботи пойдор, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар роҳи ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъият ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, назаррас арзёбӣ кард.
Президенти ҷумҳурӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани соҳибихтиёр номид.
Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод изҳор дошт, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, яъне фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.
Баъди суханронии президент паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста