Ҳукумати Русия созишнома байни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ маъқул донист. Қарори марбута дар ин бора рӯзи душанбе дар портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, менависад хабаргузории ТАСС.
“Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон, ки 27 апрели соли 2021 дар Душанбе ба имзо расид, маъқул дониста шуда, ба президенти Русия ҷиҳати ирсол ба Думаи давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шавад”, - гуфта мешавад дар матни қарор.
Дар бораи лоиҳаи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон бори аввал 27 апрел вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳори назар карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, созишнома бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.
Дар санад зикр мегардад, ки ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия амалӣ месозад.
Ҳайти шахсӣ зери раҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия қарор гирифта, идоракунии амалиёти муштараки ҷузъу томҳо дар сарҳадҳои қитъаҳои ҷудогонаи амнияти дастаҷамъӣ ба дӯши фармондеҳи нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон вогузор мегардад.
Созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, вале ҳар кадоме аз тарафҳо бо фиристодани огоҳиномаи хаттии пешакӣ ба ҷониби дигар, ҳуқуқ доранд онро дар ҳама гуна вақт қатъ намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар - пойгоҳи низомии 201-ум мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста