Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба хотири таъмини амният дар минтақа зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад. Ин нуктаро зимни ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмон раиси ин Кумита, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баён доштааст, менависад ТАСС.
“Бо мақсади ҷойгиркунии гурӯҳҳои эътилофии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД, самтҳои кори минбаъда оид ба беҳбуди зерсохтҳои ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистон муайян шуданд”, - иброз доштааст Герасимов.
Тибқи арзёбии сардори Ситоди кулл, “ҳадафҳои дар ҷаласаи Кумитаи ҳарбӣ гузошташуда амалӣ гардида, натиҷаҳо ба таҳкими низоми амнияти дастаҷамъӣ ва ҳифзи суботи минтақа мусоидат хоҳанд кард”.
Дар пасманзари сари ҳокимият омадани “Толибон”, Русия ва кишварҳои дигари минтақа аз вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронии шадид мекунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста