Ҳукумати Русия бинову иншооти шаҳраки низомӣ ва машқгоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Кӯлобу Муъминободро ба Тоҷикистон месупорад. Ин иқдом баъди берун шудани сарбозони рус аз ин пойгоҳҳо рӯи даст гирифта шуд. Вакилони парлумон қарори супоридани амволро имрӯз, 15 декабр дар ҷаласаи парлумон қабул карданд.
Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири дифои Тоҷикистон дар ҳузури вакилон, дар шарҳи созишноми Тоҷикистону Русия дар мавриди супоридани амволи ғайриманқули пойгоҳи ҳарбии Русия гуфт, амвол аз иншооти гуногун, аз қабили хобгоҳу хонаҳои истиқоматӣ, амбори нигоҳдории маводи ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитаъҳои замин ва дигар инфрасотхтори марбутаи низомӣ иборат аст.
Гуфта мешавад, ки барои қабули амвол комиссияи муштарак таъсис мешавад.
- Як қисми амволи ғайриманқули пойгоҳ замони будубоши афсарони ин пойгоҳ дар Кӯлоб сохта шудаанд ва қисми дигар моликияти худи Тоҷикистон аст, пурра ба Тоҷикистон дар ҳолати воқеӣ баргардонида мешавад. Амволи озодгардида ба қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон дода мешавад,- гуфт муовини якуми вазири дифоъ.
Эмомалӣ Собирзода дар бораи шумора ва ҳаҷми амволи мазкур аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард.
Вале дар санади бозпас гирифтани амволи ғайриманқул ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ ҳукумати Тоҷикистон 103 бинову иншооти воқеъ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ихтиёри худ мегирад.
Майдони умумии ин бинову иншоот дар қаламрави шаҳри Кӯлоб ҳудуди 40 метри мураббаъ ва майдони умумии шаҳраки ҳарбӣ ва машқгоҳ дар ноҳияи Муъминобод - 650 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки Русия ҳанӯз соли 2016 полки 149-уми сайёри тирандози пойгоҳи низомии 201-умро аз Хатлон бароварда, онро ба Душанбе ва машқгоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонид.
Қобили зикр аст, ки замони будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия, дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасид. Дар соли 2012 роҳбарони ду давлат ба созишномае имзо гузоштанд, ки замони будубоши пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста