Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз сари мизи музокирот дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия Плюс" гуфт, ки музокирот то кунун давом дорад ва ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки неруҳоро аз манотиқи марзӣ берун мебаранд.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи раиси вилоят онҳо бо раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев қисми асосии музокиротро ба поён расонида, бар сари ҷузъиёти дигар ройзанӣ доранд.
Дар ин музокирот раиси вилоятро, сардори раёсатҳои КДАМ ва ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳрдори шаҳри Исфара ва дигар шахсони аввали мақомоти масъул ҳамроҳӣ мекунанд.
"Дар гуфтушунид ба мувофиқа расидем, ки ҳама қувваҳои иловагии ҷангӣ, ки аз ду ҷониб овардашуда буданд, ба ҷойҳои доимиашон баргардонида мешаванд. Комиссияи муштарак таъсис дода шуд, тартибот дар хати сарҳадро неруҳои посбонии дуҷониба пурра назорат мекунанд, осоиштагии мардуми маҳаллиро таъмин мекунад",-гуфт раиси вилоят.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода даргирӣ ва тирпаронӣ комилан қатъ шуда, ҳамаи роҳҳо барои равуо бозанд, мардум ба хонаҳояшон баргашта истодаанд.
Раиси вилояти Суғд гуфт, ки маълумоти ниҳоӣ дар бораи захмиён ва кушташудагони даргириҳоро дар даст надорад ва мақомоти масъул ин маълумотро дақиқ карда ба расонаҳо мерасонанд.
Чанд дақиқа қабл, Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон ба ин даргириҳо вокуниш кард ва дар саҳфаи расмии фейсбукияш навишт, ки вазъ комилан таҳти назорати ӯст.
Ҷабборов бо хитоб ба мардуми Қирғизистон навиштааст, ки "вазъ дар марз комилан таҳти назорати ман аст. Худо кунад, ки ҳама чизро аз тариқи гуфтушунид, ба таври осоишта ҳал кунем. Нигарон набошед".
Дар даргириҳои марзӣ, ки шоми 27-уми январ оғоз шуданд, то кунун шумори захмиҳои Тоҷикистон ба 17 нафар расидааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак мекунанд. Дар ин бор аз бахши Ёрии аввалияи тиббии шаҳри Исфара ба "Азия – Плюс" хабар доданд.
То ин дам як шаҳрванди Тоҷикистон Обидҷон Туйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз шиллики гулӯла кушта шуд. Аз миёни захмиҳо ду нафар кормандони масъули ҳукумати Исфара, яке Некрӯз Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумат ва дигаре Искандар Маликӣ, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи шаҳрдори Исфара, мебошанд. Нафари аввали аз ноҳияи китф ва думуӣ аз пой тир хӯрдаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиҳои ин даргириҳоро 7 нафар эълон кардааст. Пойгоҳи хабарии 24.kg ин хабарро бо такя ба Вазорати тандурустии Қирғизистон нашр кардааст.
Аз ин пештар Неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бо нашри изҳорот ҷониби якдигарро ба оғози даргириҳо муттаҳам карда буданд.
Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Қирғизистон аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд.
Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд, наомадаанд ва ба тирпаронӣ оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар деҳаи Сомониён миёни марзбонони ду тараф даргирӣ сар зад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста