Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват кард, то мӯътадил шудани равобити ду кишвар аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ин нуктаро вазири маориф имрӯз дар нишасти хабарӣ зикр кард ва гуфт, ки "таъмини амнитяи онҳоро касе кафолат дода намаетавонад".
Ӯ гуфт, ки ин даъват танҳо ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар аст, чун «то имрӯз амнитяи шаҳрвандони тоҷик дар Қиғизистон таъмин карда намешавад. Ба саломатии онҳо касе кафолат дода наметавонад. Бо ҳар баҳона ба онҳо метавонанд фишор оваранд. Ҳоло мо аз донишҷӯён хоҳиш намудем, ки нараванд, чун номуайянӣ аст ва мо ба шумо кӯмак мекунем», - гуфт Имомзода,
Вазири маориф гуфт, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон бештар аз 2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Баъди баста шудани марз аз сӯйи Қирғизистон ин донишҷӯён ба Вазорати маориф муроҷиаст кардаанд, ки ба гуфтаи вазири маориф онҳоро ба донишгоҳҳои гуногуни кишвар ба ихтисосҳои мувофиқи худашон қабул пазируфтаанд.
Имомзода ҳамчунин гуфт, ки ҳатто бархе донишҷӯён ҳуҷҷати тасдиқкунунда надоранд, вале ба донишогоҳҳои Тоҷикистон қабул гардиданд ва дар ҳоли ҳозир 464 нафар тибқи тартиби муқараршуда бидуни ҳуҷҷати аслӣ ба курс ва ихтисоси худашон дохил шудаанд.
«Ҳуҷҷати тасдиқкунанда - маълумотномаи академӣ, фармоиши таҳсил ва дигар маводи таҳсил. Мо намедонем ҳамин шаҳрванде, ки ба мо муроҷиат кардааст оё дар ҳақиқат дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунад ё намекунад»,-гуфт вазири маориф.
Имомзода гуфт, ки ба хотири таъмини амнияти донишҷӯёни тоҷике, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар кампуси Қирғизистон таҳсил мекунанд, аз раҳбарии ин донишгоҳ хоҳиш шудааст, ки барои ин донишҷӯёни тоҷик шароити таҳсил дар кампуси шаҳри Хоруғро муваққатан фароҳам кунанд.
Қирғизистонбар пайи даргириҳои марзии охири моҳи апрели соли гузашта, аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва гуфт то поёни ҳалли танишҳо ва масоили сарҳадӣ, марзҳо баста мемонанд.
Донишҷӯёни тоҷик, баъди ин тасмим натавонистанд дар моҳи снтябри соли 2021 ба макони таҳсили худ ба ин кишвар баргарданд.
19-уми октябри соли гузашта беш аз 100 донишҷӯйи тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки тақрибан ду моҳ мешавад дар донишкадаҳои онҳо дарс оғоз гардида, донишҷӯён аз дигар давлатҳо таҳсил намуда истодаанду танҳо донишҷӯёни тоҷик тариқи онлайн бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Онҳо барои ҳалли масъала ба Вазорати маорифи Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.
Дар сафорати Қирғизистон ба ин донишҷӯён гуфта буданд, ки бояд ин мушкил ҳалли худро пайдо намояд, вале кай то ҳол маълум нест.
Қаблан низ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки аз мушкили мазкур тамоми мақомотҳо огаҳ ҳастанд ва талош доранд ҳарчи зудтар ҳалли онро пайдо намояд, аммо «вақте кишвари ҳамсоя иҷозати ворид ва таҳсилро намедиҳад, онҳо коре карда наметавонанд».
Ҳарчанд рӯзи 22 октябр, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишта буд, ки кишвараш сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард. Аммо донишҷёни тоҷик то кунун наметавонад ба ин кишвар баргарданд ва донишҷӯёне, ки ба ҳар васила баргаштаанд, ҳоло вазорати маорив ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки амнияташон таъмин нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста