Мулоқоти гуруҳи кории топогрофии ҳайтаҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марз аз 10 то 15-уми феврал баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки мулоқот дар ҳудуди Қирғизистон мегузарад.
Гурӯҳи кории Тоҷикистон имрӯз, 7-уми феврал барои оғози мулоқоти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро оғоз кард. Ҳарҷанд ду ҷониб имрӯз расман сари мизи гуфтушуниди гуруҳи кории байниҳукуматӣ дар масъалаи таъину аломатгузории хатти марзӣ нанишастаанд, вале гуруҳҳо барои ин мулоқот омодагӣ мегиранд.
Як манбаъи мӯътамад аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “гуфтушуниди байнидавлатӣ имрӯз оғоз нашудааст, аммо гурӯҳҳои кории топографӣ, гурӯҳи тайёр кардани маводу санадҳо барои гуфтушуниди оянда корашонро сар карданд”.
Манбаъ афзуд, баъди даргириҳои охир ин гурӯҳҳо аз тарафи роҳбари гуруҳи байниҳукуматӣ дастур гирифта буданд то барои гуфтушунид омода шаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 4-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз 7-уми феврал кори худро оғоз хоҳад кард. Вай афзуд, таклифу дархостҳо аз ҷониби ду кишвар мавҷуданд ва он дар доираи қонунҳои амалкунанда ва меъёрҳои тасдиқшуда тариқи гуфтушунид ва бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешавад.
“Комиссияи таъину аломатгузории марз вақте кори худро оғоз кард, мо асосҳои ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927-ро гирифтем. Албатта мо дар ҳамин масир рафта истодаем. Ҷумҳурии Қирғизистон соли 1989-ро ба инобат гирифтааст. Комиссияи байниҳукуматӣ кор карда истодааст ва ҳар кас мавқеи худашро дорад. Имрӯз мо сари манфиатҳои миллӣ ва ҳар як ваҷаб замини худро дар доираи қонун ва меъёрҳои амалкунанда, ки қонун талаб мекунад, кор карда истодаем. Ман боварии комил дорам, ки вақте комиссия кори худро оғоз мекунад ин масъалаҳоро марҳила ба марҳила баррасӣ мекунад”.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз моҳи октябри соли гузашта кори комиссияи байниҳукуматӣ бо баъзе сабабҳо боздошта шуда буд. Вай ҳам афзуд, “ба наздикӣ бояд кори худро барқарор кунад”.
Ориф Хоҷазода мегӯяд, аз 1 майи соли 2021 мувофиқи протоколи №39, байни комиссияҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 вохӯрӣ оид ба дақиқ кардани сарҳад доир гардид ва боз 81 километри сарҳад таъйин шуд.
«Имрӯз аз 970 километр марзи муштарак бо Қирғизистон 519 километраш дақиқ шудааст. Корҳои минбаъда барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузории сарҳад пайваста анҷом дода мешаванд», - гуфт ӯ.
Ориф Хоҷазода, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи топографӣ низ ҳаст, изҳор намуд, ки дар кори комиссия манфиатҳои ду кишвар –Тоҷикистон ва Қирғизистон ба инобат гирифта мешавад.
Даргирии хунини охири моҳи апрели соли гузашта ва шаби 27 ба 28-уми январи имсол дар муносибати сокинони байни ду кишвар бетаъсир намонд.
Сабаби ҳамаи ин муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба он рабт мегирад, ки бештар аз 400 километр хатти марз таъину аломатгузорӣ нашудааст. Аз ин рӯ сари чанд муддат ҷангу даъвоҳо барои замин, сохтмон, об ва роҳ сар мезанад. Ва дар ниҳоя чанд захмиву кушта ба ҷой мегузорад, ки аксаран мардуми мулкӣ қурбони ин муноқишаҳои марзӣ мегарданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста