Сокинони деҳаҳои наздимарзии Исфараи Тоҷикистон ва Самарқандаки Қирғизистон боз дар марз бо ҳам дидору гуфтушунид карданд. Пас аз даргириҳои хунини рӯзи 27-уми январ ин мулоқоти дуюми пирони тоҷику қирғиз аст, ки ахиран пешниҳоди ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, боз кардани роҳи байни Шӯроб ва Самарқандакро барои рафту омади мардум дар миён гузоштаанд.
Дар ин бора раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Шукурхон Насриев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” хабар дод. Вай гуфт, мулоқоти сокинони наздимарзӣ охири ҳафтаи гузашта дар маҳаллаи Фирдавсии ин ҷамоат барпо шуд.
Дар ин мулоқот, ки аз ду ҷониб беш аз 100 нафар ширкат кардаанд пирону ҷавонон, раисони маҳаллаҳои Навобод, Себзор, Фирдавсӣ, Гузари ҷамоати Чоркӯҳ бо ҳамсояҳои қирғизи худ аз деҳаҳои Самарқандак, Паски-Ариқи вилояти Бодканд дидор кардаанд. Дар мулоқот даҳҳо нафар кормандони пулиси ду ҷониб низ иштирок кардаанд.
“Тарафҳо пешниҳод карданд, ки бозии футбол, волейбол ташкил шавад. Аз ҷониби мо пешниҳод шуд, ки роҳи байни Шӯроби Исфара ва Самарқандаки Қирғизистон кушода шавад. Бо ин роҳ мардум рафту омад мекунанд, ҳоло натиҷаи ин пешниҳод маълум нест, ки чӣ мешавад. Эҳтимол боз як вохӯрии дигар ташкил шавад, баъд маълум мешавад. Умед дорем, ки ин мулоқотҳо ягон натиҷаи хуб медиҳад”.
Ҳафтае пеш нахустин мулоқоти пирони наздимарзӣ бо даъвати сокинони ҷониби Қирғизистон ташкил шуд ва даҳҳо нафар аз деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқтатир, Оқсой, Самарқандаки вилояти Бодканд дар наздикии “роҳи 275-метрӣ” бо ҳам суҳбат карданд.
Асрор Шокиров, вакили деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ва яке аз иштирокчиёни ин мулоқот ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мулоқоти нахустин ягон пешниҳоди мушаххасу ҷиддие набуд. Вале афзуд, “агар мақсад дӯстӣ бошад, бояд доираҳои зиёди одамон дӯст шаванд”.
“Аз ин пештар бисёр оши оштӣ гуфта буданд, бисёр корҳоеро кардем ва байни сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Самарқандак бозии футбол ташкил кардем, аммо натиҷа надод. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки мо ҳам монда шудем, масъалаи замин, роҳ дигарро роҳбарият ҳал кунад. Мо халқ дигар баҳс накунем. Ман гуфтам, Шумҳо ба ҷавонони худ насиҳат кунед ин ҷангу ҷанҷол хуб нест”,-гуфт, вакили деҳаи Хоҷаи Аъло.
Расонаҳои қирғизӣ низ молоқоти сокинони наздимарзиро аз оғоз пайгириву инъикос мекунад. Хабаргузории 24.kg такя ба иттилои Раёсати корҳои дохилаи вилояти Бодканд аз ҷараёни мулоқоти ахир навиштааст, ки “дар вохӯрӣ пиронсолон ба баргузории чорабиниҳои муштараки варзишӣ ба мувофиқа расиданд”.
Ин хабаргузорӣ ҳадафи баргузории вохӯриро “даъват ба барқарории равобити сокинони деҳаҳои наздимарзии ду кишвар, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон оид ба паҳн накардани маводи иғвоангез ва пешгирии низоъ дар марз” шарҳ додааст.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду кас кушта шуд. Ин идомаи ҳамон муноқишаи хунини даҳ моҳ пеш ба вуқӯъпайваста дар охири моҳи апрели соли гузашта буд, ки боиси бад шудани муносибатҳо ва баста шудани марзи миёни ду кишвар гардид.
Ҳарчанд дар ду мулоқоти пиронсолони наздимарзӣ ба гуфтаи масъулини тоҷик ҳеч қарордод ё санади рамзие имзо нашуд, вале зоҳиран мушоҳида мешаванд, ки мардумро талқин мекунанд ба ҳам дӯст шаванд ва равобити ҳамсоядориро барқарор кунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста