Боз як сокини дигари вилояти Суғд ба ташкили фермаи хукпарварии бидуни иҷоза ва ифлос кардани муҳити зист дар мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам мешавад. Аз кори ин ферма мақомот ба тозагӣ хабар ёфта, тафтишро шуруъ кардаанд.
Соли гузашта чунин як фермаи хукпарварӣ дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ошкор ва алайҳи соҳибкор бо ҷурми ифлос ё олуда кардани оби рӯдхонаи Сир, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, дуюмин фермаи хукпарвариро чанд рӯз пештар дар мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян карданд. Вай аз роҳбари ферма Баҳром Мустафоев ном бурд, ки дар ин мавзеъ ҳудуди 100 сар хук парвариш мекардааст.
Раёсати ҳифзи муҳити зист, фермаи хукпарвариро дар ифлос намудани манбаъҳои атрофи табиат гунаҳкор дониста маводро барои таҳқиқ ба додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол кардааст.
“Ҳоло санҷиш ба анҷом нарасидааст ва корҳо дар ин самт идома дорад. Мо ҳоло танҳо як самти партовро ҳисоб ва зарари аз он ба муҳити атроф расонидаро зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардем. Дигар қонуншиканиҳо ҳам ҳаст, ки умуман бе иҷозат дар ин мавзеъ фаъолияти фермаи хукпарвариро ба роҳ мондааст. Намояндагон аз дигар мақомотҳо низ барои таҳқиқи ҳодиса ҷалб шудаанд”,-гуфт, Абдуаҳад Ҳакимзода.
То кунун назари худи Баҳром Мустафоев ба ин қазия норӯшан аст.
Соли гузашта Раёсати ҳифзи муҳити зист чунин як фермаи хукпарвариро дар Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ошкор ва роҳбари он Насим Дӯстматовро бо ҷурми ифлос кардани манбаъҳои об ва риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҷарима кард.
Додситонии вилояти Суғд, гуфта буд роҳбари фермаи хукпарвариро се маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида дар ниҳоят бо гуноҳи “ифлос ё олуда кардани об” нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Насим Дӯстматовро бар асоси моддаи 226, қисми 1-и кодекси ҷиноӣ айбдор дониста ба якуним сол корҳои ислоҳӣ маҷбур кард.
Дар фермаи Деҳмой зиёда аз 300 сар хук парвариш меёфт. Аммо ба гуфтаи мақомоти интизомӣ хукпарвар такроран ахлот ва пешоби ин ҷонварро ба рӯдхонаи Сир равон карда манбаъҳои обиро ифлос ва ба саломатии одамон хатар эҷод кардааст.
Сокинони деҳаи Деҳмой низ аз бӯйи бади хукҳо шикоят карданд. Молики ферма Насим Дӯстматов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, дар пайи шикояти мардум ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбаташ хукбониро бас мекунад ва ҳамин тавр ин ферма аз канори Сир пурра бардошта шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста