Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки 10-уми март ба берун овардани шаҳрвандони кишвар аз Укроин тавассути Лаҳистон оғоз кунанд. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Сафир гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо ташкили ду парвози ройгон мехоҳанд шаҳрвандони кишварро ба Тоҷикистон баргардонанд.
"Бино ба иттилои ахир 350 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакону шахсони солхӯрда ҳам ҳастанд мехоҳад ба ватан баргарданд. Дар миёни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд. Дар назар аст рӯзҳои 10-11-уми март ду парвоз Лаҳистон ба Душанбе сурат бигирад",-таъкид кард Сатторов.
Сафир гуфт, ки то кунун замони парвозҳо мушаххас нашудааст ва дар сурати мушаххас шудани парвозҳо онҳо иловатан хабар хоҳанд дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози низоъ миёни Русияву Укроин беш аз 1 ҳазору 55 шаҳрванди Тоҷикистон марзи Лаҳистонро убур кардаанд.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд тавассути ин парвозҳо ба кишвар баргарданд, бояд ё шиносмаашонро бо худ дошта бошанд ё дар сурати надоштани шиноснома аз сафорат санади баргашт ба кишварро дарёфт кунанд.
"Сафорат ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад ва ба шаҳрвандоне, ки барои мадад муроҷиат мекунанд, ёрӣ мерасонад. Телефони сафорат (49-30) 347 93 00 бистучаҳор соат фаъол аст ва зангҳоро мепазирад",-гуфт сафири Тоҷикистон.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар кишварҳои аврупоӣ бимонанд бояд дар давоми 30 рӯз санадҳои будубошашонро дуруст кунанд, киба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.
Бино ба иттилои расмӣ то оғози ҳамлаи Русия ба Укроин бештар аз 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин қарор доштанд, ки ин онҳоеро, ки бидуни сабти ном дар ин кишвар ба сар мебурданд ё шаҳрвандии Укроинро дарёфт карда буданд, дар бар намегирад.
Аз ин пештар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз Укроин берун оварда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста