Баъд аз ҳаводиси ахири марзӣ, ки рӯзи 10-уми март бар асари тирпаронии неруҳои қирғиз як марзбони тоҷик кушта шуду чанд тани дигар захмӣ шуд ва нимашаби 11-уми март чанд маҳаллаи Чоркӯҳ мавриди тирборон қарор гирифт, субҳи имрӯз мақомти масъули ду ҷониб бар сари музокирот нишастанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Ин гуфтушунид дар гузаргоҳи марзии "Гулистон"-и шаҳри Исфара ҷараён дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияи Исфараву Бобоҷон Ғафуро ва дигар масъулони сохторҳои қудратӣ сари мизи музокирот нишастаанд.
Аз ҷониби Қирғизистон раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, раиси ноҳияҳои Лайлаку Бодканд ва дигар масъулони сохторҳои қудратӣ дар ин гуфтушунид ҳузур доранд.
Дафтари матбуоти вилояти Суғд мегӯяд, "мақсади ин дидору гуфтушунид пешгирӣ аз муноқиша дар марз, таъмини зиндагии осудаи мардум дар хатти марзи давлатӣ ва риояи одоби неки ҳамсоядорӣ мебошад".
Бар пояи иттилои пешакии ҳукумати шаҳри Исфара дар пайи тирандозии шаби 11-уми март, ки неруҳои марзбонии Қирғизистон чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфароро тирборон карданд, ҳеч сокини осоишта осеб надидааст.
Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев субҳи 11-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ҳеч нафар мардуми осоишта зиён надидааст.
Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин шаб тақрибан аз соати 1:20 марзбонони қирғиз ба ду маҳаллаи Чоркӯҳ, маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.
"Қирғизҳо ба ҷониби мо тир холӣ карданд, ҳоло тафтишот оғоз шудааст ва баъдан маълум мешавад, ки куҷо аз тирхоликунӣ зиён дидааст.Сокинон ҳеҷ куҷо нарафтанд, шаб дар хона буданд ва аз хона берун набаромаданд. Ба сӯйи мардум тир холӣ нашудааст ва ягон нафар аз мардуми осоишта низ ҷароҳат набардоштааст",-гуфта буд раиси ҷамоати Чоркӯҳ.
Ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ то ҳол дар ин бораизҳори назар накардааст ва сабаби тиркушоии шаби 11-уми мартро низ шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки тирпаронӣ аз ҷонибӣ ки шурӯъ шуд ва оё талафоте дар пай дорад ё не.
Тирпаронии нимашаби 11-уми март баъди тирпаронии субҳи 10-уми март ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як марзбони тоҷик бо ном Сунатулло Маҳмадов кушта шуд. Манобеъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати Исфара гуфтанд, ки тирандозии субҳи дирӯз дар пайи марзшикании неруҳои қирғиз сурат гирифта буд.
«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», - гуфта буд, дирӯз як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».
Тафсилоти тирпаронии нимашаби 11-уми март аз сӯйи неруҳои қирғизро дар ин ҷо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста