Истихбороти "Толибон" чанд тан аз кормандони шабакаи телевизиони "Тулуънеюс"-ро дар Кобул боздошт карда, ба ҷойи номаълуме бурдаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар додаанд.
Нашрияи "8 субҳ" менависад, ки ин боздошт шоми рӯзи панҷшанбеи 17-уми март сурат гирифтааст ва неруҳои истихбороти "Толибон" се корманди ин шабакаро боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, BBC хабар додааст, ки 15 фарди мусаллаҳи "Толибон" вориди дафтари кори "Тулуънеюс" дар Кобул шуда, Баҳром Амон гӯяндаи хабар ва муҷриb барномаҳои сиёсӣ, Хапалвок Софӣ, масъули барномаҳои хабарии ин телевизион ва як корманди дигари ин телевизионро боздошт карда? бо худ бурдаанд.
"Толибон" то кунун дар ин бора вокуниш накардаанд.
Дар пайи ин боздошт, Дафтари муовинати Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) аз боздошти ин хабарнигорон изҳори нигаронӣ карда, онро "боздошти худсарона" номидааст.
UNAMA аз низомиёни мусаллаҳи "Толибон" хостааст, ки рӯзноманигорони боздоштшударо раҳо кунанд ва таъкид кардааст, ки бояд ба боздошту таҳдидҳо алайҳи хабарнигорон хотима дода шавад.
Дар ҳамин ҳол? гуфта мешавад, ки кормандони "Тулуънеюс" пас аз ҳамагонӣ шудани мактуби вазорати амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункари "Толибон" боздошт шудаанд.
Пештар ин телевизион эълон карда буд, ки ин вазорат бо ирсоли як мактуб аз расонаҳои марбут ба "Моби групп" хоста аст, ки сериёлҳои хориҷиро дигар нашр накунанд.
Аммо "Тулуънеюс" пас аз як соати нашр ин хабари марбут ба мактубро аз саҳфаҳояш пок кард.
Телевизиони "Тулуънеюс" як телевизиони хусусии марбут ба гуруҳи расонаҳои "Моби групп" аст, ки яке аз шабакаҳои маъруфи хабарӣ дар ин кишвар бархе кишварҳои минтақа дониста мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста