Имрӯз, 30 март, вакилони парлумони Тоҷикистон Муоҳадаи (конвенсия) байналмилалии марбут ба мубориза бо амалҳои тероризми ядроиро, ки Тоҷикистон ба он моҳи сентябри соли 2005 ҳамроҳ шуда буд, ба тасвиб расониданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода дар шарҳи тасдиқи муоҳада дар ҳузури вакилон гуфт, ки тасвиби он дар асоси муроҷиати муовини дабари кулли СММ ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барои анҷом додани расмияти дохилӣ сурат гирифтааст.
Ӯ афзуд, ки ҳадафи қабули конвенсия дар маҷмӯъ, нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалии рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстона ва ҳамкори байни давлатҳо мебошад.
- Дар ин росто давлатҳои шомили муоҳада муваззаф гардидаанд, ки барои таъмини ҳифзи маводҳои радеактивӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ тамоми чораҳоро меандашанд, -гуфт Камолзода.
Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Рустам Шоҳмурод дар суҳбат бо хабарнигорон зарурати имрӯзаи тасдиқи конвенсияро иҷро шудани расмиёти он аз ҷониби Тоҷикистон ва мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба он арзёбӣ кард.
Ӯ ҳамчунин, зимни муаррифии тасдиқи муоҳада гуфт, ки ҳадафи асосии моҳада муайян намудани кирдорҳои ҷинотяии алоқаманд бо маводҳои ҳастаӣ, ва бо ин мақсад амалӣ намудани ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои дар конвенсия пешбинишуда, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризми ядроӣ, анедашидани ҷораҳо вобаста ба таъмини ҳифзи маводи радиактивӣ, муқарар карадани ҷавобгарии ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии давлатҳои иштирокчӣ вобаста ба тафтишот, таъқиби ҷинотяӣ ё расмиёти супоридани ҷинотякорон мебошад.
Рустам Шоҳмурод тасдиқ намуд, ки конвенсия мустақилияти давлатҳои аъзои онро дар пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба терроризми ядроӣ, санҷиши пешакӣ ва тафтишоти ин кирдорҳоро маҳдуд наменамояд.
Гуфта мешавад, ки то имрӯз, 117 давлат ба Конвенсияи байналмилалӣ дар робита ба мубориза ба амалҳои тероризми ядроӣ ҳамроҳ шуда, 82 давлат онро ба тасвиб расонидаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста