Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 % иыро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи раисҷумҳур дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш, имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд.
Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад иҷро намудаанд.
Гуфта мешавад, ки аксари даъватшудагон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Фархор ва минтақаи Рашт ихтиёран ҳозир шуда, зикр кардаанд, ки барои дифои Ватани худ ҳамеша омодаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба 90 наваскарони раштӣ, ки курси ронандагии ҷамъияти «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд ва барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Ҳамчунин масъулони ҷамотаҳои деҳоти Ворӯх, Чоркӯҳ ва Нурафшони шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват паём додаанд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдории Исфара хабар додааст.
Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба сафҳои артиши нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 102,5 % иҷро кард. Ҷавонони бадахшӣ, низ тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба хидмати Ватан гусел карда шуданд.
Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 114%, Мурғоб 110%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 100%, Ишкошим 100% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 102,5%-ро дар бар гирифтааст. Ин соли аввал нест, ки ҷавонони ВМКБ нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста